АЊАМИЯТИ ИСТИФОДАИ ЧИСТОН ВОБАСТА БА МАВЗЎЪ
ДАР ДАРСЊОИ ХИМИЯ
Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе
Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе
Истилоњи чистон асосан ба ибораи «чист он?», ки дар ин шакли гуфтор фикру матлабе пинњон аст, гирифта шудааст ва маънои он тасвири маљозии аломату хусусиятњои гуногуну рангоранги ашёву њодисањои зиндагї мебошанд. Чистон аз савол ва љавоб иборат аст. Истифодаи чистонњо дар дарсњои химия шавќу њавас ва фањмиши хонандагонро зиёд ва љањонбинии онњоро васеъ мегардонад. Муаллимон дар таълими фанни химия вобаста ба мавзўъ аз чистонњо ба мавриду њадафмандона истифода карда метавонанд.
Биёед, ба таърихи пайдошавии «чистон» каме ибрози назар намоем. Чистон ифодаи маљозие аст, ки дар он ашё тавассути якдигар тасвир ёфта, њатман ба њам алоќамандие доранд, ки тавассути сатри охир љавоби он маълум мегардад.
Дар чистонњои ќадима рамзњои мифологї тасвир меёфтанд, дар онњо симои шоирона барои муайян кардани табиати мављудбуда тасвир мешуданд. Бо мурури замон ин мафњумњо аз байн рафтанд, танњо шакли истифодабариашон монданд, ки шакли образнокии онро устувор гардониданд ва мардум ба чистонњо рў оварданд, ки он барои мустањкамкунии фањмиш наќши муњим мебозанд. Љавоб гуфтан ба чистонњо ё эљоди онњо эпоси ќадимаи пањншудаи халќиро ташкил медињад, ки ба таъсисёбии адабиёти китобї асос мегузорад, ин адабиёти махсус аст, яъне «саволњо ва љавобњо», ки дар њама адабиётњои мардумї дар тўли ќарнњо дида мешаванд.
Чистонњои мардумї ба зарбулмасалњо такя мекунанд, баъзан ваќт шаклњои саволии зарбулмасалњо ба чистон буданашон ишора менамоянд. Дар юнонињо чистонњо дар замонњои ќадим дар њолати њикматомез ќарор доштанд. Римињо ба ин гуна машќњои оќилона кам такя мекарданд, лекин Вергилий ва Ситсерон ваќташонро бештар ба офаридани чистонњо сарф кардаанд. Дар Фаронса Фенелон, Буало, Жан-Жак Руссо ва дигарон чистонњо эљод намудаанд. Дар Олмон бошад танњо як миќдор чистонњои шоирона боќї мондаанду халос. Дар Русия бошад, В.Левшин соли 1773 китоби «Чистонњое, ки барои таќсими ваќти идона хизмат менамоянд» ба табъ расонида буд.
Чистон жанри хурди фолклори тољик буда, бештар дар байни хурдсолон ва наврасону љавонон истифода мешавад. Дар чистон номи ягон ашё, гиёњ, љонвар, аъзои бадани инсон, љисму маъданњо, њодисањои табиат, љирмњои осмонї ва ѓайра бо маљозу киноя пинњон карда мешавад ва гўянда аз шунаванда чї будани он мафњуми нињониро мепурсад. Матни чистон аз савол ва љавоб иборат аст. Дар ќисмати савол ашёву њодисоти зиндагї ба таври маљозї тасвир шуда ва дар ќисмати љавоб маънии аслии ашёву њодисот ифода меёбад.
Чистонњо тамоми соњањои њаёт ва фаъолияти мардуми тољикро фаро гирифтаанд. Олот ва воситањои мухталифи мењнат, њодиса ва падидањои табиат, асбобу анљоми гуногуншакли рўзгор, илму техника ва њама чизњое, ки дар зиндагии мардуми мо маќому манзалати хос доранд, дар чистонњо инъикос ёфтаанд. Дар поён вобаста ба мавзўњои химия мо чистонњои химиявии тозаэљоди мардуми сарбаланди тољикро мехоњем манзуратон намоем:
Чистонњо дар мавзўи «Диссотсиатсияи кислотањо, асосњо ва намакњо»
Дар ибтидо рангаш буд,
Мисли осмон каб-кабуд.
Ба кислота дохил карданд,
Ранги сурх њосил карданд.
Асоси он гулсанг аст,
Касе наёфт гаранг аст. (индикатори лакмус)
Дорую дармон,
Бошад ба инсон.
Дар оби ишкор,
Ранг орад зуд он. (индикатори фенолфталеин)
Чистонњо дар мавзўи «Гурўњчаи оксиген»
Дар табиат он бошад фаровон,
Бе вай зиндагї нест андар љањон. (оксиген – О2)
Оксиген аз раъду барќ,
Гум кунад хислату фарќ.
Рањ ёбад он гар ба об,
Аљал шавад ба микроб.
Чї сон газ мешавад он.
Кї медонад бачагон. (озон – О3)
Тортанаки пахтаро,
Кунад он нест љо ба љо.
Сўзониаш дар оташ,
Њама безор аз бўяш. (хокаи сулфур – S)
Бе ў каучук зудшикан бошад.
Ёзандаю нарм вай бо ў бошад. (сулфур – S дар љараёни вулканизатсия)
Чистонњо дар мавзўи «Гурўњчаи нитроген»
Чист он ки бо номи худ,
Њаётро инкор кунад.
Валекин бањри њаёт,
Наќш бозаду кор кунад? (нитроген – N2)
Дар рўшної набинї,
Дар торикї мебинї. (фосфори сафед – Р)
Маълум њастам аз ќадим,
Зўраму надорам бим.
Мушкуширо хуш дорам,
Лаќаб «марги муш» дорам. (арсен – As)
Дањ њиссаи нутќро ту,
Номбар кунї ном ба ном.
Яке аз ин њиссањо,
Дар номи ман њаст нињон. (висмут – Bi)
Чистонњо дар мавзўи «Гурўњчаи карбон»
Асоси ќалам аст он,
Андеша куну бидон. (карбон – С)
Асоси табиати мурда,
Бигўяндаш химикон,
Лек бахшад ў ба батарея,
Аз нури офтоб љон. (силитсий – Si)
Дар њаво мекунад «дуд»,
Дар об «мељўшад» зуд. (яхи хушк – СО2)
Менделеев бо сухан,
Муамморо намуд њал.
Лекин Винклер баъди ў,
Ёфт онро дар амал. (германий – Ge)
Рост бошад, овоз надорад,
Ќат шавад, овоз мебарорад. (ќалъагї – Sn)
Чистонњо дар мавзўи «Металлњои гурўњчањои асосии гурўњњои I-III-и Љадвали даврии элементњои химиявии Д.И.Менделеев»
Нарм аст аммо,
Санг аст ба маъно. (литий – Li)
Афсунгари њосил,
Њаётбахши дил. (калий – К)
Чист он, худ сафед аст,
Лек ранги сабз дињад он.
Бар сабзаю гиёњњо,
Љумла барги дарахтон. (магний – Mg)
Маънои он нур бувад,
Ќиматтар аз дурр бувад. (радий – Ra)
Бандар дораду кишти не,
Бар дораду дарозї не. (барий – Ва)
Ќадраш азиз чу нон аст,
Маззаи таом бо он аст.
Конаш андар Хатлон аст,
Машњур дар љањон аст. (намаки таом – NaCl)
Чистонњо дар мавзўи «Металлњои гурўњчањои иловагии Љадвали
даврии элементњои химиявии Д.И.Менделеев»
Номашро баръакс хонї,
Мањсули онро донї. (мис – Cu)
На аз обу на аз хок,
Њаргиз надорад он бок.
Вале аз «шароби шоњ»,
Мешавад њолаш табоњ. (тилло – Au)
Бо об кабуд,
Бе об сафед. (купориси мис – CuSO45H2O)
Дар як хонаи танг аст,
Аз њоли худ гаранг аст.
Боло равад аз гармо,
Поён равад аз сармо. (симоб – Hg)
Ман њастам хеле камчин,
Вале аз њама вазнин. (осмий – Os)
Кафки дањони гургон,
Чароѓа кард фурўзон. (волфрам – W)
Номаш сиёњ,
Худаш сафед. (оњан – Fe)
Сад олим љусту наёфт,
Шуданд њама саргардон.
Валекин зану шавњар,
Моро ёфтанд љўраљон.
Дар номи ман, љўраљон,
Як љонишин њаст нињон.
Њамроњ кунї агар «ган»,
Пайдо гардад номи ман. (манган – Mn)
Шахси ќањрамонам,
Аз ќиссаи Юнонам.
Дар номи худ об дорам,
Хислатњои боб дорам. (ниобий – Nb)
Номаш номи ќањрамон,
Пайвандгари устухон. (тантал – Та)
Номи ман андар осмон,
Сабт шуд баъди борон.
Хонї ин сатри рангин,
Маънои номам дар он. (иридий – Ir)
Чистонњо дар мавзўи «Ќонуни даврї ва Љадвали даврии
элементњои химиявии Д.И.Менделеев»
Дар номи як уќёнус.
Њаст исми мо нињон.
Аввали њарфи онро,
Дигар куну ёб аз он. (хром – Cr ва бром – Br)
Худаш дар пеш,
Сояаш дар ќафо. (гидроген – Н2)
Аз норасогии он,
Гул накунад дарахтон. (бор – В)
Бошанд се бародарон,
Аз њама хурдї ором.
Як шаванд агар ёрон,
Оламро кунанд вайрон. (протий– дейтерий – , тритий– )
Ном доранд бо се њарфї,
Ду додару ду хоњар.
Гар ёбї исми онон,
Комёб шавї аз зафар. (мис–Cu, руњ–Zn, бор–B ва йод–I)
Чистонњо дар мавзўи «Газњои инертї»
На аз замин, на аз об,
Балки ёфтанд аз офтоб. (гелий – Не)
Иваз намої каме,
Њарфњои «орган»-ро.
Албатта бе душворї,
Меёбї номи онро. (аргон – Ar)
Дарё дораду обаш нест,
Дон дораду маѓзаш нест. (радон – Rn)
Чистонњо дар мавзўи «Галогенњо»
To расанд ба коми дил,
Бас љўстанд аз хоку гил.
Лек муяссар гашт охир,
Ин сир аз дандони фил. (фтор – F2)
Аз камии вай дандон,
Мешавад бешак вайрон. (фтор – F)
Дар зарфи шишагї он,
Намеистад ту бидон.
Дар зарфи пластикї,
Лек меистад љўраљон. (кислотаи фторид - HF)
Намак андар намакдон,
Дар намак ќотил нињон. (хлор – Cl)
Аз гармї об нагардад,
Њаргиз хароб нагардад.
Гази бунафш шавад он,
Кї медонад бачагон. (сублиматсияи йод – I2)
Дар њаво офарад дуд,
Ба меъда оварад суд. (кислотаи хлорид – НCl)
Чистонњо дар мавзўи «Лантаноидњо ва актиноидњо»
Як сол кофтанд,
Як грамм ёфтанд. (калифорний – Сf)
Дар асл дар табиат,
Онњо надоранд вуљуд.
Аммо бо роњи сунъї,
Онњоро оранд вуљуд. (технетсий–Tc, фермий–Fm ва ќабили инњо)
Нињоданд номи моро,
Ба шарафи ќитъањо.
Исми моро, ки ёбед,
Аъло мегиред бањо. (европий – Eu ва америтсий – Am)
Чистонњо дар мавзўњои «Химияи органикї»
Сўзишворї чун ашёи хом,
Замин аст модари он.
Аммо, вале, лекин он,
«Тиллои сиёњ» дорад ном. (нафт)
Вазнашон якхела,
Феълашон њархела. (изомерњо)
Њаст моддаи тарканда, нагўед онро ганда.
Давои дарди дил аст, бовар кунед ба банда. (нитроглитсерин – C3H7O3NO2)
На тайёра, на мошин,
На ракета на поршен.
На ба хушкиву кайњон,
Натвонем рафтан бе он. (нафт)
Бўи хуши сад хел гул,
Аз мо бибўед бе пул. (эфирњои мураккаб – RCOOR)
Гидрогену оксиген,
Дўсти бењамто буданд.
Бо карбон якљо шуда,
Аз нав эњё шуданд.
Бо таъми ширини худ,
Ќуввати дилњо шуданд.
Дар бахши табобатї,
Машњури дунё шуданд. (глюкоза – C6H12O6)
Номаш аслан ангиштоб,
Њељ гоњ надорад шитоб.
Дар ѓурагї турушвор,
Пазад шавад шакарвор. (фруктоза – C6H12O6)
Берангу ширин аст он,
Танњо хос ба ин бидон.
«Оинаи нуќрагин»,
Љилло дињад чун нигин.
Њосилаи чї бошад?
Ойинаи кї бошад? (глюкоза – C6H12O6)
Лаблабу кони он аст,
Ќуввати дилу љон аст.
Ѓизои майнаи сар,
Бо ў њаёт ширинтар. (сахароза – C12H22O11)
6