Меню
Разработки
Разработки  /  Химия  /  Разное  /  Прочее  /  Монолог "Обращение глюкозы в природу" на таджикском языке

Монолог "Обращение глюкозы в природу" на таджикском языке

Обращение глюкозы в природу
01.11.2020

Содержимое разработки

РУЉЎИ «ГЛЮКОЗА» БА ТАБИАТ

монологи глюкоза-ќанди ангур бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, диќиќ ва риёзї дар соњаи илму маорф» барои солњои 2020-2040

Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе

Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе


Ман глюкоза мансуби спиртњои бисёратомаам ва бо вуљуди спирт буданам мадњушкунанда не, балки роњатбахши љисму љон ва нерўбахши кувваи зењнї ва хотираи Шумо бани одамї њастам.

Ман на танњо ба љисму љони инсонњо ќувват мебахшам, балки инкишофдињандаи љузъњои асосии флораи кураи Замин, манбаи нерўи инсоният ва фауна хисобида мешавам. Мањз њамин аст, ки ман ба воситаи хун ба тамоми бофтаю њуљайрањо пањн шуда, табаддулотњои мураккаби пайдарпайи биохимиявиро аз сар гузаронида, оксид мешавам. Дар натиља, гази карбон (IV) хориљ шуда, энергия њосил мешавад.

Хосияти химиявии дигари асосиам, ин бо таъсири катализаторњои биологї-ферментњо турш шудан аст, ки асоси истењсоли навъњои мухталифи мањсулоти ширу љурѓот, ќаймоќу панир ба њисоб меравам. Инчунин агар мањлули маро бо мањлули аммиакии оксиди нуќра (I) гарм кунед, реаксияи «Ойинаи нуќрагин»-ро њосил менамоед, ки ин танњо хоси ман дар олами пурасрори карбогтдратњо аст.

Ман дар оѓўши модарзаминам-Табиат дар ќатори дигар бародарону хоњарони оилаамон-карбогидратњо аз нурњои љонбахши манбаи равшанидињанда ва гармидињандаи сайёрањо-Офтоб бањра гирифта, дар натиљаи реаксияи фотосинтез њосил мешавам.

Дар асл таъмам ширин аст ва маънии номи зебоям «ширин» буда, муродифам «шањд» аст. Бори нахуст маро соли 1811 химиядони рус К.С.Кирхгоф дар натичаи гидролизи крахмал њосил намуда буд. Формулаи дурусти эмпирикиамро химики швед Я.Берселиус соли 1837 ба илми химия пешнињод кард. Асосгузори назарияи сохти химиявии пайвастањои органикї, олими бузург ва забардасти рус А.М.Бутлеров соли 1861 маро аз формалдегид бо иштироки гидроксиди калсий дар раванди таљриба њосил намуда буд.

Он мевањои шањдборе, ки Шумо-фарзандони одам нўши љон карда, њаловат мебаред дастранљи зањматњои мананд. Тамоми мевањо аз ќабили ангуру анљир, себу нок, шафтолуву зардолу ва олуву олуболу њама аз таркиби ман шаддаи марљон барин шањдро љаббида, роњати љони Шумо мегарданд. Махсусан, шираи ангур ва мевањои пўхтарасида дастпарвари гулзори гетии тахайюлот ва саршор аз ширинии мананд. Аз њамин сабаб, маро бо номенклатураи халќї «ќанди ангур» низ меноманд.

Уњу, медонед чї?! асал, ки аз омехтаи ману фруктоза таркиб ёфтааст, одамон онро «Туњфаи Худо» барои шифои њамаи дардњо меноманд. Аљоибиаш дар он аст, ки он руњатонро болида гардонида, ба Шумо инсонњо саломатї бахшида, љавониатонро тўли солњои дароз њифз менамояд. Ба њисоби миёна дар 100 граммаки асал 24,6 граммро ташкил медињам ва ин аз он гувоњї медињад, ки таркиби асалро ману изомерам-фруктоза, баробар ва ба миќдори муайян ташкил медињем.

Ман моддаи беранги кристаллї буда, аз шаш атоми карбон, дувоздањ атоми гидроген ва шаш атоми оксиген иборат њастам. Инчунин дар ваќти туршшавии ширии ман, њангоми очоронидани караму бодиринг ва силос кардани хўроки чорво (туршкунї), агар массаи силосшаванда ба ќадри кофї зич хобонда нашуда бошад, он гоњ аз таъсири њавои дар тарќишњо мављудбуда туршшавии равѓании ман рух медињад, ки дар натиља хўроки чорво аз истифода мебарояд. Барои њамин, азизони ман, њангоми туршкунии хўроки чорво эњтиёткор ва бодиќќат бошед.

Синтез шудани ман мўъљизаеро мемонад, ки дар сарњади эраи архей ва протерозой ба вуќуъ пайваста, ароморфози муњимтарин ва таъсирбахштарин дар эволютсияи олами органикї ба њисоб меравам.

Аљоиботи дигари ман он аст, ки дар таркиби 100 грамм донањои љуворимакка 3,43 граммро ташкил медињам, ки бањри шифобахшии беморони камхун, касалињои љигару талхадон ва бартараф кардани варамњо истифода мешавам.

Оњо, бузургию тавоної, ањамият ва моњияти ман он ќадар оламшумул аст, ки маро њатто дар таркиби занљабили тез пайдо намудаанд. Медонед, ки асоси нигањдории аломату хосиятњо дар организмњои зинда, ки таркиби кислотањои нуклеиниро ташкил медињанд, пентозањо ба њисоб мераванд. Ман, ки худ вазири шоњи организми зинда дар вуљуди инсонњоям, дар саросари мулки он тавассути хун сайр мекунам ва ќисмати зиёди шоњигарї, ки дар маѓзи сар доман пањн кардааст, ба зери тобеияти хеш даровардаам (100-120 г, ки ин 400-480 ккал-ро ташкил медињад).

Соли 1917 маро аввалин маротиба бо маќсади вусъатдињии кашишхўрии мушакњои дил њангоми беморињои системаи гардиши хун истифода намудаанд. Шояд, Шумо аллакай медонед, ки дар тиб маро барои суръат бахшидани мубодилаи моддањо, барои баланд намудани фишори осмосї, барои баланд кардани фаъолияти кашишхўрии мушакњои дил, мусоидат кардан ба љараёни воридшавии моеъњои бофтагї ба хун, бењтар намудани равандњои безараркунии моддањои зањрнок дар љигар, раванди њалшавандагии доруњо, истењсоли витамини С, глюконати калсий, Сорбит-ивазкунандаи ќанд барои беморони диабети ќанд, маводњои ивазкунандаи хун, васеъ намудани рагњои хунгард, ки ин ба њосилшавии мўътадили пешоб мусоидат менамояд, истифода мебаранд.

Гарчанде ширинии ман аз ќанди лаблабу камтар бошад њам, номам ќанди ангур аст. Масрур аз он њастам, ки дар партави Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, майдонњои талу теппањои Шумо аз парвариши ангур рўз ба рўз афзун гардида, бо ибтикори Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон соњаи ангурпарварї дар сарзамини Шумо ба як соњаи афзалиятнок ва сердаромад табдил ёфтааст.

Домони ман дар соњаи илми химия хеле густурда аст. То имрўз олимону пажуњишгарон ва муњаќќиќони зиёде аз барои ман тадќиќотњо гузаронида, як ќатор навгонињоро ба илм ворид намудаанд.

Эй инсонњо, инро дар ёд хуб нигоњ доред! Бо вуљуди он, ки ман ин ќадар манфиатоварам, лекин хоксору некхоњ ва накўкорам. Агар коми касеро ба ќадри заррапораи лаъли Бадахшон ва ба ќадри хоки зархези Зарафшон ширин кунам, ба андозаи маљрои рўди шўх ва серталотуми Вахш саршор аз мењру муњаббат ва лабрез аз шодию сурур мегардам.

Медонед? Ман хурсанд аз он њастам, ки Шумо то њол бањри омўзиши ман камари њиммат бастаед ва таъми ширини маро аз кўдакон то пиронсолон ба ќалби хеш ќарин гардонидаед.

Бисёр мехостам, ки Шумо одамон, мисли ман ширину ба љамъият манфиатовар бошед. Аммо, медонед чї, ширинии Шумо дар таъми Шумо не, балки дар ширинсуханиву хушгуфтории Шумо зоњир мешавад.

Њамеша ширинсухану хушрафтор бошед, зеро ниёгони Шумо азизони дил фармудаанд:

Сухан зањру позањру гарм асту сард,

Сухан талху ширину дармони дард.









-80%
Курсы повышения квалификации

Подготовка к ЕГЭ по химии

Продолжительность 72 часа
Документ: Удостоверение о повышении квалификации
4000 руб.
800 руб.
Подробнее
Скачать разработку
Сохранить у себя:
Монолог "Обращение глюкозы в природу" на таджикском языке (50.5 KB)

Комментарии 0

Чтобы добавить комментарий зарегистрируйтесь или на сайт