Меню
Разработки
Разработки  /  Химия  /  Разное  /  Прочее  /  "Химический календарь" на таджикском языке

"Химический календарь" на таджикском языке

Химический календарь поможет для улучшения знаний по химии
01.11.2020

Содержимое разработки

СОЛШУМОРЇ - ТАЌВИМИ ХИМИЯВЇ ЯКЕ АЗ РОЊЊОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТЊИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН

Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе

Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе

Дафтари солро, ки дар он ҷадвали рӯз, давомоти рӯз, вақти тулӯъ ва ғуруби Офтоб ва ғайра сабт мешавад, тақвим мегӯянд. Солшуморӣ, ҳисобу китоби муддати дарозро мегӯянд, ки аз рӯи ягон ҳодисаи даврии такроршавандаи осмонӣ ба вуљуд меояд, яъне гирдогирди меҳвари худ давр задани Замин, дар атрофи Замин чарх задани Моҳ, ба даври Офтоб гаштани Замин. Мафҳуми Солшуморӣ бо хронология ном соҳаи таърихшиносӣ робита дорад, ки он ба муқоиса ва муайян кардани санаи воқеаҳо, санаду ҳуҷҷатҳо ва ғайра шуғл меварзад.

  Таърих ва давр аз мафҳумҳои асосии Солшуморӣ мебошанд. Таърих гуфта оғози Солшумориро меноманд. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ, «таърих вақте бошад андар замона сахт машҳур, ки андар ӯ чизе будаст, чунон ки хабараш андар уммате бар умматон пайдо шуд ва бигустурд чун дине ё кеше нав шудан ва ё давлате мар ҳар гурӯҳеро пайдо шудан ё ҳарбе бузург, ё тӯфоне ҳалоккунанда ва монанди он, чунон-к он вақт замонро оғоз ниҳанд на ба ҳақиқат ва табъ. В-аз ӯ солу моҳу рӯз ҳамешуморанд, то ба ҳар вақте, ки хоҳанд».

Тақвимсозӣ аз маъмултарин пешаҳост, ки инсон ба тақозои рӯзгор аз худи аҳди бостон сар карда шуғл гирифтааст. Ниёгони мо дар аввалин зинаҳои таҳаввули таърихӣ аз робитаи ҳодисаҳои даврии такроршаванда бар падидаҳои осмонӣ дарак ёфта буданд. Ивазшавии ҳамешагии шабу рўз, дигаргуншавии бефосилаи фаслҳои сол, мадду ҷазр, обхезиҳо, тағйири мавсимии дараҷаи ҳарорати ҳаво ва миқдори боришот аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба онҳо истеҳсолоти одамӣ, махсусан қадимтарин соҳаҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ вобастаанд. Барои оғоз ё анҷоми офатҳо, айёми бор ё ваќти дарав ва ё гирифти Моҳу Офтобро донистан аввал ҳисобу китоби вақтро ёд гирифтан лозим буд. Аз ин ҷост, ки аввалин мушоҳидаҳои астрономї аз расадбандии ҳодисаҳои такрорёбандаи осмонӣ сар шудаанд. Аз монандии хоҷагидорӣ ва яксонии ҳодисаҳои осмонист, ки халқҳои гуногун-бошандагони макону замонҳои мухталиф Солшуморӣ ва тақвимҳои ҳамнақшро ба вуҷуд овардаанд. Ва низ бечиз нест, ки дар байни бодиянишинони чорводор (масалан, арабҳо) Солшумории қамарӣ ва миёни муқиминишинони зироаткор (масалан, тоҷикон) Солшумории шамсӣ пайдо шудаанд.

Солшумории шамсї ё бурҷӣ (ба истилоҳи тоҷикони Афғонистон) яке аз қадимтарини тақвимҳои Аҷам мебошад, ки решаи таърихиаш аз сарчашмаҳои оини зардуштӣ об мехӯрад (Оини мазкур зимни парастиши оташи фалакӣ-Офтоб сурат гирифта буд). Ҳар як моҳи соли шамсӣ аз рӯи ҳаракати Офтоб дар минтақатулбуруҷ (эклиптика) муайян карда мешуд; муддати дар ин ё он бурҷ воқеъ шудани Офтоб ба як моҳи мазкур баробар буд. Аз ин рӯ, моҳҳои соли шамсӣ ва дувоздаҳ бурҷи фалак як хел ном доранд, ки инҳоанд: Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут.

Аввалин Солшумории шамсӣ Солшумории яздигурдӣ буд, ки ибтидои он ба рӯзи 16-уми июли соли 632 милодӣ мутобиқ меояд (рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Яздигурди сеюм аз сулолаи Сосониён).

Умари Хайём солҳои 70-80 асри XI вақти роҳбари расадхонаи Исфаҳон буданаш бо супориши Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ба ислоҳоти солшумории шамсии яздигурдӣ машғул шуда буд. Моҳи ҷалолӣ низ мисли моҳи яздигурдӣ баробари 30 шабонарӯз буда, ибтидои он мутобиқи лаҳзаи ба ину он бурҷ даромадани Офтоб қабул шудааст. Панҷ рӯзи боқимондаро бошад, ҳар сол ба охири моҳи дувоздаҳум ҳамроҳ мекарданд. Ғайр аз ин, ҳар чаҳор сол ба соли муқаррарӣ як рӯзи дигарро ҷамъ кардан лозим меомад (Соли мазкур баробари 366 шабонарӯз буда, кабисаи маликия ном дошт). Пас аз 4-5 маротиба такрор шудани амали мазкур як дафъа соли кабиса баъд аз 5 сол меояд. Солшумории ҷалолӣ рӯзи 15-уми марти соли 1079 милодӣ ба ҷои Солшумории яздигурдӣ ба расмият даромадааст.

Аз ваќте ки халифа Умар (солҳои ҳукмрониаш 634-644) рӯзи ҳиҷрати Муҳаммадро оғози солшумории мусулмонӣ эълон кард, таърихи Солшумории шамсии эронӣ низ тағйир дода шуд. Дар Солшумории шамсии ҳиҷрие, ки ҳоло дар Эрон, Афғонистон, Туркия ва ғайра ҷорист, инчунин даври 33-солаи хайёмӣ қабул шудааст (даври навбатӣ 21-уми марти соли 1975 оғоз гардид).

Солшумории қамарии ҳиҷрӣ-тақвими расмии мусулмонист, ки баъди истилои араб ҷорӣ карда шудааст. Солшумории қамарї аз рӯзи хиҷрати Муҳаммади пайғамбар аз Макка ба Мадина сар мешавад, ки он мутобиқи 16-уми июли соли 622 милодист. Соли қамарии ҳиҷрӣ баробари 354 шабонарӯзу 11 соат аст, яъне аз соли шамсӣ дида 10 рӯзу 21 соат кӯтоҳтар аст (саду се соли қамарӣ ба сад соли шамсӣ рост меояд). Пас, дар муддати 33,2 сол фарқи онҳо ба як сол мерасад.

Аввали ҳар як моҳи солшумории қамарии ҳиҷрӣ ба рўзи нахустини моҳи нав (ҳилол) рост меояд. Номҳои моҳҳои қамарӣ чунинанд: муҳаррам (номи халқии тоҷикиаш - зар), сафар (оина), рабеъулаввал (оби рабон), рабеъуосонӣ (байза), ҷимодулаввал (сим), ҷимодуссонӣ (пири бузург), раҷаб (Қуръони шариф), шаъбон (гиёҳи сабз), рамазон (шамшер), шаввол (ҷомаи сабз), зулқаъда (кӯдак), зулҳиҷҷа (духтар). Сари сол рӯзи аввали моҳи муҳаррам ҳисоб мешавад ва азбаски моҳҳои қамарӣ ҳар сол ба фаслҳои гуногун мувофиқ меоянд, сари сол низ ҳамеша ба як айёми муайян рост намеояд. Агар дар солшумории шамсӣ наврӯз ҳамеша ба аввали баҳор мувофиқ ояд, дар Солшумории қамарии ҳиҷрӣ, баръакс, ҳар як моҳ ба қариби сию се сол ҳама фаслҳои солро сайр мекунад. Барои дар хотир нигоҳ доштани ном ва тартиби моҳҳои қамарӣ пеш шеъри зеринро аз ёд мекарданд:

Зи Муҳаррам чу гузаштӣ, чу бувад моҳи Сафар,

Ду Рабиъу ду Ҷумодӣ аз паи якдигар.

Раҷаб аст он ки Шаъбону Рамазон, Шаввол,

Пас ба Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа бикун нек назар.

Соли қамарии хиҷриро бо соли милодӣ ба воситаи формулаи зерин ифода кардан мумкин аст:

Дар ин ҷо:

у — соли милодї;

х — соли қамарии ҳиҷрӣ.

Дар аҳди ислом мардуми Аҷам Солшумории қамарии ҳиҷриро қабул карда бошанд ҳам, Солшумории шамсиро низ бекор накардаанд.

Таќвиме, ки мову Шумо имрўзњо дар њаёти њамарўза истифода мебарем, шакли умумии зеринро дорад:

Мо бо истифода аз малака ва салоњиятњои эљодкорї, навоварї бо истифода аз элементњои химиявии Љадвали даврии элементњои химиявии Д.И.Менделеев шакл ва намуди таќвимро каме таѓйир додем. Таѓйири шакли таќвими пешнињодкардаи мо аз таќвими шакли муќарраридошта бо он фарќ мекунад, ки мо ба љои ададњои аз 1 то 31 элементњои химиявиро интихоб намудем.

Дар таќвими химиявї мо танњо раќамњои тартибии элементњои химиявии аз Н (њидроген) то Ga (галлий)-ро ба љои раќамњои аз 1 то 31 истифода намудем, ки ин элементњои химиявї љои раќамњоро бо чунин тарз иваз мекунанд:

 ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  ,  

Ин ба хонандагон ва њаводорони фанни химия имконият медињад, ки 31 аломати элементњои химиявиро бо раќамњои тартибиашон аз худ намоянд, чунки дар сурати аз худ накардани аломати элементњои химиявї ва раќами тартибии ин элементњо онњо ин таќвимро истифода бурда наметавонанд. Манфиати ин таќвим дар он аст, ки хонандаро водор менамояд, ки диќќати худро ба аломати элементњо равона созад ва раќами тартибии онро ба хотир оварад, то ба маќсади худ ноил гардад.

Дар ин таќвим барои љалб намудани диќќати хонандагон рўзњои дарсї барои хонандагон бо нишон додани 36 њафта, ки 252 рўзи дарсиро ташкил медињад, ки он аз 1.09. то 31.10. чоряки якум, аз 11.11. то 31.12. чоряки дуюм, аз 11.01. то 20.03. чоряки сеюм ва аз 01.04. то 14.06. чоряки чорумро дар бар мегирад бо нишон додани ранги сиёњ, рўзњои таътилро ба ѓайр аз рўзњои ид, 104 рўз, ки аз он 10 рўзашро (аз 01.11. то 10.11.) таътили тирамоњї, 10 рўзашро (аз 01.01. то 10.01.) таътили зимистона, 7 рўзашро (аз 25.03. то 31.03.) таътили бањорї ва 77 рўзашро (аз 15.06. то 31.08.) таътили тобистона ташкил медињад бо ранги кабуд ва инчунин рўзи идњое, ки истироњат эълон шудааст, бо ранги бунафш нишон додаем, ки ин барои хонандагон бо наздик шудани рўзњои таътил шумурдани рўзњои боќимонда ба онњо шодиву фарањ мебахшад. Бо љойгир намудани њамин гуна ишорањо дар таќвим мо кўшиш намудем, ки шавќу њаваси хонандагонро бахшида ба эълони 20 соли рушди фанњои табиатшиносї, диќиќ ва риёзї барои солњои 2020-2040 бедор намоем.

Таќвимњо барои мо чї лозиманд? Њар як нафар аз онњо истифода мебаранд. Тарзи истифода аз онњо мањорати хосро талаб менамояд. Истифодабарї аз таќвимњо барои кору истироњат, инчунин барои ба наќша гирифтани корњои муњим лозим мебошанд.

Лекин таќвимро кї ихтироъ кард ва он дар гузашта чї гуна буд? Таќвим чист? Ба ин савол љавобро мо аз луѓати С.И.Ожегова пайдо намудем. Дар он чунин ќайд шудааст: Таќвим ин – усули њисоб кардани рўзњо дар як сол аст; – фењрист ё китобест, ки њамаи рўзњои сол ба тартиб ќайд гардидаанд (аз луѓати С.И.Ожегова).

Таълифи «таќвим» таърихи хело ќадима дорад. Таќвим њанўз дар замонњои ќадим ба вуљуд омада буд. Он аз калимаи лотинии «caleo»-эълон кардан ва «calendarium»-китоби бардавом гирифта шудаааст.

Дар замонњои пеш одамон ба мушкилоте рў ба рў шуда буданд, ки ваќтро чї гуна муайян кунанд, фањманд, ки кадом рўз, моњ ё сол аст. Мо бо таќвим зиндагї карданро одат кардаем, лекин њама ваќт ин гуна набуд. Ба рўшании осмон нигоњ карда одамон ваќти муносиб барои кишт кардан ва љамъоварии њосилро људо менамуданд. Ва онњо даврї будани ин ваќтњоро дарк намуданд. Дар замонњои ќадим њар як халќият таќвимњои хешро доштанд.

Мисриёни ќадим ваќти мобайни солро аз резиши як бори Нил то резиши дигар њисоб мекарданд ва онро бо пайдошавии ситораи дурахшони Сирус асос менамуданд.

Барои муайян кардани ваќт ба одамон назораи табиат, ивазшавии Офтоб, моњ ва осмон кўмак мерасониданд. Одамони ќадим дарк карданд, ки рўзњо ва шабњои паињам аз ивазшавии ваќти солњо вобастагї доранд. Ченакњои санљиши якуми ваќт ба вуљуд омаданд: шабонарўзї ва сол. Як гардиши Замин дар гирди мењвари худ – ин як шабонарўзї аст. Моњ бошад – њаракати Моњтоб дар гирди Замин аст. Як даврзанї дар гирди Офтоб бошад – ин сол аст.

Таносуби ченаки ваќт ин сол, шабонарўзї ва соат мебошад. Як сол аз 365 шабонарўз (дар соли кабиса 366 шабонарўз) иборат аст. Солњои кабиса ин солњои …2000, 2004, 2008, 2012, 2016, 2020… мебошанд. Як сол аз 12 моњ иборат аст. Як моњ 30-31 шабонарўз, дар моњи феврал 28 шабонарўз (дар соли кабиса моњи феврал 29 шабонарўз) аст. Як шабонарўз 24 соатро ташкил медињад.

Барои чї як сол аз чор фасли сол иборат аст? Соли кабиса чист? Дар рўи Замин чор фасли сол мављуд аст. Асосиашон зимистону тобистон мебошанд, чунки онњо аз якдигар зуд фарќ мекунанд. Бањор ва тирамоњ даврањои гузариши сол мебошанд. Ивазшавии фаслњои сол аз мењвари заминї ва аз даврзании Замин дар гирди Офтоб ба вуљуд меояд. Замин дар гирди Офтоб оњиста давр мезанад, расо як сол – 365 рўз. Мењвари заминї хамидааст, бинобар ин як ќисмати кураи Замин ба Офтоб наздик аст, он љо гармї мешавад – он тобистон аст. Дар ќисмати дигар, ки кураи Замин аз Офтоб дур аст, хунуктар аст, он љо – зимистон аст. Агар њарду нимкура якхела нур дињанд, он гоњ ё бањор мешавад ё тирамоњ. Лекин дар њарду нимкурањо фаслњои сол гуногунанд. Сол – ин ваќти пурраи даврзании Замин дар гирди Офтоб аст, ки ба 365 шабонарўз ва 6 соат баробар аст. Дар давоми чор сол шабонарўзињои зиёдї њастанд, ки онро ба 29-уми феврал дохил мекунанд, ки солњои кабиса ном доранд.

Барои чї сол ба 12 моњ таќсим карда шуд? Ваќти мобайнии давраи якхелаи Моњтоб аз моњи нав то њилол дар замонњои ќадим ба 30 рўз таќсим мешуд. Њамин тавр ченаки ваќт – моњи моњтобї ба вуљуд омад.

То замони Ю.Сезар дар Рим як сол танњо аз 10 моњ иборат буд. Вай соли Ромул ном дошт. Моњи аввал «мартиус»- ба шарофати худои ќадимаи лотинї номгузорї шуда буд, се моњи баъдї – «априлис»- аз муѓљакунии дарахтон оѓоз мегардид, «май»- аз номи олињаи Мая, «июн»- аз номи олињаи Юнон, шаш моњи дигар аз рўи моњњое, ки дар як сол љой доранд, љойгир шудаанд, яъне панљум, шашум ва ѓайра

Барои чї дар як њафта 7 рўз аст? Њафтаи њафтрўза, њамчун ченаки ваќти мобайнии байни шабонарўзињо ва моњњо дар Вавилони Ќадима ба вуљуд омад. Ба вуљудоии вай бо раќами «њафт»- аз рўи раќамњои дидашавандаи «бадани осмон» алоќаманд аст. Рўзњои њафта чунин муайян гардиданд: душанбе – Рўзи Моњтоб, сешанбе – Миррих, чоршанбе – Уторид, панљшанбе – Муштарї, љумъа – Зўњра, шанбе – Зуњал, якшанбе – Офтоб.

Таќвими аз њама машњур дар замони муосир – ин таќвими Юлианї мебошад. Юлий Сезар соли 46 то милод таќвими Рими ќадимаро такмил кард ва ба он ду моњ илова намуд (танњо 10 моњ буд). Январ- ба шарофати худои мунофиќ Янус ва феврал- ба шарофати тозакунии сол. Акнун як сол аз 12 моњ иборат шуд. Раќамњои рўзњо аз 28 то 31 алвонљ мехўрданд. Сентябр, апрел, июн, ноябр – 30 рўз, дигар моњхо – 31 рўз, танњо феврал 28 рўз – дар соли кабиса 29 рўз.

Аз рўи таќвими юлианї акнун ўро таќвими «аз рўи таќвимњои ќадима» ном мебаранд, як сол аз 365 шабонарўз иборат аст, њар чор сол сол – соли кабиса, 366 шабонарўзро дар бар мегирад. Ислоњоти ин таќвимро соли 1582 Григорий XIII – Падари Рим гузаронид (таќвими григорианї – «таќвими нав»). Дар Аврупои Ѓарбї таќвими григорианї ќабул шудааст (њисоб «аз рўи таќвими нав»).

Хелњои таќвим аз рўи мундариља: касбу корї (омўзгорї, муњосибї, пизишкї); саноатї; таърихї; моњтобї; боѓбонї; таќвими ашёњои мардумї; таќвими моњидорї; таќвими љашнворањо ва ѓайра. Ин рўйхатро боз давом додан мумкин аст…

Аз њама таќвими одї метавонад маълумот доири ваќти ба нашр расидаашро дошта бошад. Аз рўи таќвим таърихро омўхтан мумкин аст.

Таќвимњо аз рўи шакл ва андозаашон гуногун мешаванд. Аз рўи маълумотњои ба дастовардаи мо муайян гардид, ки таќвимњои калони гуногун мављуданд. Онњо аз рўи ороишот, уњдадорињо, маводњо ва ѓайра фарќ мекунанд. Намудњои асосии таќвимњо аз рўи шакл инњоянд: рўимизї; деворї; љайбї; овезавї ва ѓайра. Инсон метавонад таќвими шахсии худро ихтироъ кунад, аз њама одї то мураккаб, ки барои вай ќуллай бошад.

-75%
Курсы повышения квалификации

Сложные задания в школьном курсе химии

Продолжительность 72 часа
Документ: Удостоверение о повышении квалификации
4000 руб.
1000 руб.
Подробнее
Скачать разработку
Сохранить у себя:
"Химический календарь" на таджикском языке (1.64 MB)

Комментарии 0

Чтобы добавить комментарий зарегистрируйтесь или на сайт