Меню
Разработки
Разработки  /  Химия  /  Уроки  /  9 класс  /  "Химическая радуга" на таджикском языке

"Химическая радуга" на таджикском языке

Химическая радуга посвящается на 150 лет открытия периодического система Д. И. Менделеева
01.11.2020

Содержимое разработки

«ЊАФТРАНГИ ХИМИЯВЇ»

бахшида ба 150-солагии кушодашавии Љадвали даврии элементњои химиявии Д.И.Менделеев

Азизбек Зумратов - омўзгори фанни химияи литсейи №3-и шањри Душанбе

Гулнигор Эшова - омўзгори фанни химияи МТМУ №24-и шањри Душанбе


Соли 2019 дар саросари мамолики љањон 185-солагии олими бузург ва химиядони рус Дмитрий Иванович Менделеев ќайд карда шуд. 150-сол аст, ки љадвали даврии элементњои химиявии тартибдодаи ў мавриди истифодаи олимон ќарор гирифтааст. Корнамоии илмие, ки олими бузурги рус Д.И.Менделеев нишон дод, њамто надорад. Аз тарафи ин мутафаккири нотакрор кашф шудани ќонуни даврї дар илми химия такони бузурге буд. Кашфиёти ин олим имконият дод, ки љадвали даврии элементњои химиявї тартиб дода шуда, пешгўї ва кашфи элементњои то ба ин давра номаълуми химия имконпазир гардад. Тавассути ин ќонун назария оид ба сохти атом васеъ гашта, ривољ ёфт. Олимон имконият пайдо намуданд, ки адади электронњои атомро дар ќабатњои электронї ба таври мушаххас муайян намоянд. Ин ќонун исбот намуд, ки хосияти элементњо ба таври даврї таѓйир ёфта, он ба сохти ќабати электронии атоми элементњо вобаста аст.

Љадвали даврии элементњои химиявї ифодаи тасвири графикии ќонуни даврї мебошад. Сохти љадвали даврї чї гуна аст? Мо ин љо мехоњем каме маълумот дар бораи љадвали даврї пешнињод намоем. Дар замони њозира зиёда аз 400 варианти љадвали даврї маълум аст. Њамаи онњо шаклњои гуногуни ифодаи графикии њамон ќонуни даврї мебошанд, яъне њамаи ин вариантњо мазмунан якхелаанд.

Варианти аввалини системаи давриро Дмитрий Иванович Менделеев 1-уми марти соли 1869 пешнињод карда буд, ки он шакли дарозрўяро дошта, дар он даврњо дар як тараф љой дода шуда буданд. Моњи декабри соли 1870 ў варианти дуюми љадвали давриро тартиб дод, ки он шакли кўтоњ дошт. Дар ин вариант даврњо ба ќаторњо, вале гурўњњо ба гурўњчањо ё худ зергурўњњо људо карда шуданд.

Љадвали даврии замонавї ва пањншудаи Д.И.Менделев дар асоси охирин ќарори Иттињоди байналмилалии химияи назариявї ва амалї - International Union of Pure and Applied Chemistry, ба таври кўтоњ IUPAС (ИЮПАК) тартиб дода шудааст. Ин ташкилот соли 1919 таъсис ёфта, тадќиќотњоеро, ки мутобиќатњои байналмилали назорат ва стандарткунониро талаб мекунанд, мутобиќат карда, терминологияи химиявї, инчунин номгўи элементњоро тавсия ва тасдиќ мекунанд. Шакли нави љадвали даврии элемнтњои химиявии асри XVII дар иљлосияи Менделеевї (Менделеевский съезд) моњи сентябри соли 2003 ќабул карда шуд. Ба љадвали даврї њамаи тавсифномањои охирини элементњои дар ин замон машњур дохил карда шудаанд.

Мо бахшида ба ин љашнвора мехоњем наќшаи баргузории як дарсро пешкашатон намоем, ки он аз њафт бахш иборат мебошад. Њар як бахш бисёр љолиб буда, кўшиш намудем, ки тавассути ин бахшњо салоњиятњои хонандагонро рушд дињем, ки муњтавои он чунин аст:

1. Бахши «Оё Шумо медонед? (маълумотњои химиявї)»

  • … ки бо масъалаи классификатсияи элементњои химиявї

пеш аз Д.И.Менделеев инчунин Деберейнер (соли 1829), Шанкуртуа (соли 1863), Нюлендс (соли 1863), Л.Майер (соли 1864) машѓул шудаанд, вале онњо ќонуни давриро кашф карда натавонистанд;

  • … ки ба вуљуд омадани номи тамоми 120 элементи љадвали давриро ба 5 гурўњ таќсим кардан мумкин аст:

1) додани ном аз рўи аломати характернок ё хосияти элемент – ранг, бўй, сахтї ва ѓайра;

2) додани ном аз рўи манбаъњои табиии элементњо;

3) номњое, ки аз астрономия ва асотира гирифта шудаанд;

4) ба шарафи мамлакат ё олими забардасте дода шудани ном;

5) дигар номњое, ки асосан, ањамияташонро гум кардаанд.

  • … ки ба элементи «неон», ки онро химиядони англис В.Рамзай кашф кардааст, писари ў ном додааст;

  • … ки аз тамоми элементњои маълум фаќат дутоаш дар шароити муќаррарї дар њолати моеъ мебошад. Ин бром ва симоб аст;

  • … ки ёздањ элементи химиявї дар шароити муќаррарї моддањои газмонанданд;

  • … ки дар љадвали даврии элементњои Д.И.Менделеев элементи 101-ум ба шарафи муаллифи система – менделевий номида шудааст;

  • … ки баъзе элементњои химиявї ба шарафи мамлакатњо номида шудаанд: полоний – ба шарафи Полша, скандий – Скандинавия, рутений – Русия, германий – Германия, галлий ва франсий – ба шарафи Фаронса (номи ќадимаи Фаронса – Галлия аст).

2. Бахши «Сањначаи химиявї»

Тилло (Au): – Салом бародарони азиз, ин манам, ки дар љадвали даврии элементњо тањти раќами 79 љойгираму исми шарифам Тилло мебошад. Оё Шумо медонед, ки ман љавони ќавииродаам, аз паси њар хонумчаи аз пешам баромада дум намегираму кана барин намечаспам. Ман бисёр ѓурурнокам, чаро ки фарзанди асилзодаам.

Оксиди алюминий (Al2O3): – Эй дўстон, бародарамро бинеда, њамеша танњосту боз мефахрад аз танњогиаш. Ман бошам фарзанди 13-уми ин оилааму исми шарифам Алюминий аст, ки дар оила яке аз фарзандони рангаи волидонам ба шумор меравам. Аммо ман танњо нестам аксар ваќт мањбубаи зебоям бо номи Оксиген, њамроњи ман аст.

Тилло (Au): – Эй бародар ту ку аз танњої гаштан њарос дорї, боз худро аз ман боло гирифтан мехоњї. Вале њар куљое, ки набошам, ќимматам аз ту болост. Ба ин нигоњ накарда маро тамоми хонумњои љумњурї бо худ мегиранду раисчањо бошанд ивази дандонњои сап-сафеди худро бо ман, ба хеш маќбул донистаанд.

Оксиди алюминий (Al2O3): – Эњ бародар! Аз њамин ќиммати гарони туро истифода кардан мардуми тољик камбизоат гашту љайби мардуми тољик бупул.

Оњан (Fe): – Дўстони азиз, шояд Шумо аллакай маро шинохтед. Исми ман Оњан асту… хўлањои маро дар зиндагї васеъ истифода мебаранд. Њарчанд худтаърифкуниро намеписандам, аммо Шумо шоњиди онед, ки дар оилаи тољик фарзандони эшон бо номњои Таваралї, Пўлодбой, Тешабой ва Тоштемир номгузорї шудаанд. Ин њам бошад аз бузургии ман сарчашма мегирад.

Нуќра (Ag): – Бародарон, ин манам Нуќра, ман аз Шумо бародарон кам нестам. Маро низ аксари мардум дўст медоранду бо худ мегиранд. Чунки ман низ асилзодаам. Агар њамроњи бонувони зебо буданамро бовар насозед, нигаред ба хонумњои зебо ва паричењра, ки чунон мафтуни ман гаштаанд, ки дар ин замона бе ман ба љое ќадам гузоштан намехоњанд.

Об (H2O): – Бародарони азизам, чаро Шумо ин ќадар бањсу хархаша карданро дўст медоред-а. Охир ман низ аз танњо гаштан њарос дораму танњогиро низ намеписандам. Ва њар куљое, ки хонумчаи лундачаро бо номи Оксиген дидам, бо худ мегирам.Чаро, ки њар яки мо дар танњогї њељем. Пас биёед бо бањси хеш хотима бахшем, зеро њар яки мо фарзанди як оилаи намунавиемку…, ки сарварии онро падари мењрубон Дмитрий Иванович Менделеев ба ўњда дорад. Пас биёед, дўстона зиндагї мекунем!

3. Бахши «Чистонњои химиявї»

Дар як хонаи танг аст,

Аз њоли худ гаранг аст.

Боло равад аз гармо.

Поён равад аз сармо. (Симоб)

Њаст моддаи тарканда,

Нагўед онро ганда.

Давои дарди дил аст,

Бовар кунед ба банда. (Нитроглитсерин)

Чист он ки бо номи худ,

Њаётро инкор кунад.

Валекин бањри њаёт,

Наќш бозаду кор кунад. (Нитроген)

Ќадраш азиз чу нон аст,

Маззаи таом бо он аст.

Конаш андар Хатлон аст,

Машњур дар љањон аст. (Намаки таом)

Номи ман андар осмон,

Сабт шуд баъди борон.

Хонї ин сатри рангин,

Маънои номам дар он. (Иридий)

4. Бахши «Насри химиявї»

  • Ман элементи химиявии њидроген мебошам. Дар формулањо маро «аш» талаффуз мекунанд. Раќами тартибї ва массаи атомии нисбиам ба 1 баробар буда, дар зергурўњи асосии даври якуми љадвали даврии элементњои химиявї љойгирам. Дар пайвастагињоям доимо яквалентаам. Аввалин маротиба маро соли 1776 олими англис Генри Кавендиш кашф намудааст. Маро дар шароити лабораторї дар натиљаи таъсири мутаќобилаи металли руњ бо кислотаи хлорид њосил кардан мумкин аст. Аз ман ва гази гидроген дар заводи нурињои нитрогении Вахш аммиак њосил мекунанд, ки он барои истењсоли нурии карбамид моддаи асосї ба њисоб меравад.

  • Ман элементи химиявии карбон буда, дар формулањо «се» талаффуз карда мешавам. Раќами тартибиам 6 буда, массаи атомии нисбиам ба 12 баробар аст. Дар даври дуюм, зергурўњи асосии гурўњи чоруми љадвали даврии элементњои химиявї љойгир буда, дар пайвастагињоям дувалента ва чорвалентаам. Ман элементи њатмии пайвастагињои органикї мебошам. Дар табиат дар намуди алмос ва графит дучор шуда, дар истењсоли ќаламу электродњо, борути сиёњу карбид ва чун барќароркунанда дар металлургия истифода бурда мешавам.

  • Ман элементи химиявии алюминий буда, дар формулањои химиявї низ «алюминий» талаффуз карда мешавам. Раќами тартибиам 13 буда, массаи атомии нисбиам ба 27 баробар аст. Дар даври сеюм, дар зергурўњи асосии гурўњи сеюми системаи даврии элементњои химиявї љойгирам дар пайвастагињоям севалентаам. Металли аз њама пањншудатарини ќишри Замин мебошам ва маро аввалин маротиба соли 1821 Ф.Вёлер њосил намудааст. Маро бо усули электролиз дар заводи алюминии тољик, ки дар шањри Турсунзода воќеъ аст, њосил мекунанд ва барои сохтани маводњои рўзгор, тайёраю чархболњо, ќисмњои мошинњо ва симњои ноќилї истифода мебаранд.

  • Ман элементи химиявии оњан буда, дар формулањои химиявї «феррум» талаффуз карда мешавам. Раќами тартибиам 26 буда, массаи атомии нисбиам ба 56 баробар аст. Дар даври чорум, дар зергурўњи иловагии гурўњи њаштуми љадвали даврии элементњои химиявї љойгирам, дар пайвастагињоям дув а севалентаам. Дар ќишри замин баъд аз алюминий металли пањншудатарин ба њисоб рафта, сафеди нуќрагунам, дар њарорати 1539ОС гудохта мешавам. Металли асосии саноат њастам ва хўлањоям чўян ва пўлод ном дорад. Наќши ман дар њаёти мављудоти зинда басо бузург аст. Ба таркиби гемоглобини хун дохил шуда, ба он ранги сурх мебахшам.

  • Ман элементи химиявии натрий буда, дар формулањои химиявї низ «натрий» талаффуз карда мешавам. Раќами тартибиам 11 буда, массаи атомии нисбиам ба 23 баробар аст. Дар даври сеюм, дар зергурўњи асосии гурўњи якуми љадвали даврии элементњои химиявї љойгирам. Дар пайвастагињоям доимо яквалентаам. Маро чун дигар металлњои зергурўњи асосии гурўњи якуми љадвали даврии элементњои химиявї металли ишќорї мељўянд, чунки гидроксиди дар об њалшаванда њосил мекунам. Аз сабаби металли фаъол буданам. дар табиат фаќат дар њолати пайвастагињо дучор мешавам. Пайвастагии муњимтаринамро намаки ошї меноманд, ки дар конњои Шўрбел, Тутбулоќ, Хоља Сартез ва Хоља Мўъмин мављуд мебошад. Аз ин пайвастагии ман дар заводи электрохимиявии Ёвон якчанд моддањо: гидроген хлор, соддаи каустикї ва ѓайра њосил мекунанд. Ман элементе мебошам, ки дар организми инсон наќши бузургро мебозам. Фишори осмотикии плазмаи хун мањз аз мављуд будани пайвастагии ман-хлориди натрий вобастагї дорад.

5. Бахши «Назми химиявї»

Тољикистон – Љадвали даврии кимиё туї,

Кони нуќра, кони ганљу ёќуту тилло туї.

Кони оби тозаву манган, неону гидроген,

Бошгоњи сулфуру њам актиноидњо туї.

Њафт давраш ахтарони тољи тиллои ту аст,

Сурбу фосфору хромаш зери кўњњои ту аст.

Аввалин бору бериллий аз заминат ёфт шуд,

Оксигену гидроген андар заминњои ту аст.

Актиноидњо маро аз Суѓди ту созад хабар,

Лантаноидњо Бадахшонро ба гардун бурда сар.

Рашту Хатлон металлу њам ѓайриметалл будааст,

Вахшу Кўлобам галогену киновар будааст.

Њар яке аз мављи ту бо њам бувад пайванди љон,

Бандњои кимиёвї васл созад љовидон.

Бандњои ковалентию ионї, металлї,

Њељ гоње барнахоњад канд аз њам ногањон.

Панљакент – тиллову Ёвон – сулфуру манган бувад,

Исфара – карбону аргон, Язгулом лантан бувад.

Вахш гар бошад молибдену Њисорат ќалъагї,

Регарат бошад алюмин, Рашти ту оњан бувад.

Бе ту, оксигену њидроген, њаёте нест, нест,

Бе ту, фруктозу глюкоз, ширу наботе нест, нест.

Бе ту, волфрам рўшании хонањо пайдо нашуд,

Бе ту, селлюлоз саводу њам наљоте нест, нест.

(Фаридун Юнусов - устоди ДТТ ба номи М.Осимї)

6. Бахши «Семантикаи элементњои химиявї»

(«Семантика» як соњаи илмест, ки маънои калимаро меомўзад).

  • Њидроген - элементи раќами тартибиаш 1 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «обтавлидкунанда» аст;

  • Бериллий - элементи раќами тартибиаш 4 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «ширин» аст;

  • Нитроген - элементи раќами тартибиаш 7 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «инкори њаёт» аст;

  • Оксиген - элементи раќами тартибиаш 8 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «кислотатавлидкунанда» аст;

  • Иридий элементи раќами тартибиаш 16 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «зард» аст;

  • Хлор элементи раќами тартибиаш 17 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «сабз» аст;

  • Калий элементи раќами тартибиаш 19 аз забони арабї гирифта шуда, маънояш «хокистари растанї» аст;

  • Кобалт элементи раќами тартибиаш 27 аз забони олмонї гирифта шуда, маънояш «иблис» аст;

  • Никел элементи раќами тартибиаш 28 аз забони олмонї гирифта шуда, маънояш «миси бекора» аст;

  • Бром элементи раќами тартибиаш 35 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «мудњиш» аст;

  • Нуќра элементи раќами тартибиаш 47 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «сафед» аст;

  • Йод элементи раќами тартибиаш 53 аз забони юнонї гирифта, маънояш «бунафш» аст;

  • Сезий элементи раќами тартибиаш 55 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «кабуд» аст;

  • Барий элементи раќами тартибиаш 56 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «вазнин» аст;

  • Волфрам элементи раќами тартибиаш 74 аз забони олмонї гирифта шуда, маънояш «кафки дањони гург» аст;

  • Осмий элементи раќами тартибиаш 76 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «бўй» аст;

  • Иридий элементи раќами тартибиаш 77 аз забони юнонї гирифта шуда, маънояш «тиру камон» аст;

  • Тилло элементи раќами тартибиаш 79 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «шафаќи субњ» аст;

  • Радий элементи раќами тартибиаш 88 аз забони лотинї гирифта шуда, маънояш «нур» аст.

7. Бахши «Суруди химиявї»

Наќорот:

Аввалин меъмори олам кимиё,

Аввалин меъмори одам кимиё,

Аввалин савдо, ки кард бобои мо,

Кимиё буд, кимиё буд, кимиё.

Аввалин илме, ки омад бар вуљуд.

Илми обу оташу дегдон буд,

Гар намедонист ин бобои мо,

Бо ду сар гандум саргардон буд.

Наќорот:

Аввалин илме, ки омад бар вуљуд,

Илми атру мушку гулу гулзор буд.

Гар намедонист ин бобои мо

Андаруни чангу андаруни ѓор буд.

Наќорот:

(Лутфия Холиќова - устоди Донишгоњи миллии Тољикистон»





6



-75%
Курсы повышения квалификации

Исследовательская деятельность учащихся

Продолжительность 72 часа
Документ: Удостоверение о повышении квалификации
4000 руб.
1000 руб.
Подробнее
Скачать разработку
Сохранить у себя:
"Химическая радуга" на таджикском языке (82 KB)

Комментарии 0

Чтобы добавить комментарий зарегистрируйтесь или на сайт